Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҳафтуми моҳи ҳафтуми соли ҳафтум


Карма Экмекчии наварӯс мегӯяд, Размиг ҳафтуми июлро рӯзи муқаддас номида, сарфи назар аз болоравии фавқулодаи нархҳо ҳамин рӯзро интихоб кард.
Ҳафтуми июл нархи кирояи бинои базм ва қимати гулчанбарҳову дигар аносири зарурӣ барои тӯй то даҳ баробар баландтар шудааст.
Домоди ҷавон Размиг Боладиён, ки ҳамроҳ бо Карма ба мусоҳиба омадааст, ба хабарнигори "Франс пресс" мегӯяд, ки ӯ фаромӯшхотир аст. Аз ин рӯ тӯи арӯсиашро дар рӯзе барпо мекунад, ки аз ёд баровардани он осон набошад.
Размиг ва Карма як сол пеш дар рӯзҳое, ки Бейрут бо ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил мувоҷеҳ буд, ба мувофиқат расиданд, ки ҳафтуми июли соли 2007-ум арӯсӣ намоянд.
Бейрут дар ин рӯзҳо нисбатан ором аст, вале Размигу Карма маҷбур ҳастанд, ки ақди никоҳро дар ҷои дигар гузаронанд, зеро дар рӯ ба рӯи Калисои онҳо Ҳизбуллоҳ хайма зада, раҳпаймоиҳояшро барпо менамояд.
Аз 800 нафаре, ки Размигу Карма ба арӯсиашон даъват кардаанд, 400 кас иштирокашонро тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла якчанд меҳмон аз хориҷа ба ин арӯсӣ меояд.
Дар ин иртибот ходими идораи ақди никоҳи Бейрут Мая Заҳлан мегӯяд, боз ҳам шуморе аз мардум арӯсиашонро то миҳ сентябр ба таъхир гузоштаанд. Онҳо мунтазиранд, ки интихоботи президентии ин кишвари тақсимшуда ба бо чӣ натиҷа ба анҷом мерасад.
Фолбини маъруфи лубнонӣ Мишел Ҳаек марги шоҳзодахонуми британиявӣ Дайана ва собиқ сарвазири лубнон Раифқ Ҳаририро пешгӯй карда буд. Дар Лубнон ӯро Нострадамуси овари Миёна меноманд. Ҳаек як сол пеш тасмим гирифта буд, ки ҳафтуми июл оиладор шавад, вале чанде пеш ӯ замони арӯсиашро ба таъхир гузошт.
Ба қавли хонум Каролина, номзади фолбини маъруф, Ҳаек аз ин рӯз эҳсоси хуб надорад. Бинобар он ӯ бори сеюм рӯзи арӯсиро ба ақиб партофт.
Маҷаллаи "Тайм" ҳафтуми июли соли 2007-умро маҳбубтарин рӯзи арӯсӣ дар саросари олам номидааст. Ҳатто Эва Лонгория ҳунарманди маъруфи амрикоӣ, ки дар сериали "Соҳибхоназанҳои навмед" ва " Desperate houseviwes" нақши асосиро мебозад, маҳз ҳафтуми июл шавҳар мекунад.
Дар Лас Вегаси Амрико, ки пойтахти арӯсиҳои фаврӣ ва қиморбозӣ ба шумор меравад, се рақами ҳафт калонтарин бурди дастгоҳҳои казино мебошад.
Шабакаи фурӯшгоҳҳои Волмарт изҳор намудааст, ки ҳафтуми июл хароҷоти арӯсии ҳафт ҷуфтро бар дӯш мегирад.
Аз нуқтаи назари динӣ ҳам рақами ҳафт мусбат аст. Худо Оламро дар дарвмои ҳафт рӯз офаридааст. Арӯси яҳудӣ дар гирди домод ҳафт дафъа давр мезанад. Ҳоҷиёни мусулмон дар атрофи Каъба ҳафт дафъа давр мезананд. Пайравони дини ҳиндуия ҳафт ҳалқаи нерӯи баданро эътироф мекунанд ва бар илова ҳафт гуноҳ ва ҳафт мӯъҷизаи олам сарчашмаи илҳоми мардум берун аз чорчӯби бину мазҳаб аст.
XS
SM
MD
LG