Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқра ва биринҷии тоҷик аз Испoниё


Юрий Старостин дар сабқати ниҳоӣ дар вазни то 66 килограмм аз намояндаи Конодо Хайслан Гарсиа мағлуб шуда, мақоми дуввумро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардид.

Паҳлавони дигари Тоҷикистон Сиёвуш Навконов дар рақобатҳо дар вазни то 55 килограмм ба дарёфти мақоми севвум ва медали биринҷӣ даст ёфт.


Дастаи занонаи ҳандболи Душанбе-1 қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2007 гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҳандболи кишвар барои аввалин бор баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бо ширкати чаҳор дастаи занона дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тими ғолиб - Душанбе-1 дар ҳарсе дидор бар ҳарифони худ - дастаи мунтахаби вилояти Хатлон бо натиҷаи 24 бар 0, дастаи Душанбе-2 бо натиҷаи 28 бар 7 ва дастаи мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо натиҷаи 20 бар 11 ғалаба карда, бо медали тилло сарфароз гардид.

Дастаи Бадахшон, ки бар тими Хатлон бо натиҷаи 30 бар 6 ва бар дастаи Душанбе-2 бо натиҷаи 24 бар 8 ғолиб омад, дар ҷойи дуввум қарор гирифт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дастаи Душанбе-2, ки ҷойи севвумро гирифт, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.



Бозиҳои даври аввали Ҷоми футболи Осиё-2007 ба анҷом расиданд.

Дар гурӯҳи «А» ҳамаи чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Австралиё, Ироқ, Уммон ва Тайланд якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар гурӯҳи «В» Вйетнам бо 3 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Ҷопон ва Қатар якимтиёзӣ доранд. Имороти Муттаҳидаи Араб бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Дар гурӯҳи «С» Чин ва Эрон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Чин Малайзиёро бо натиҷаи 5 бар 1 ва Эрон Узбакистонро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст доданд.

Дар гурӯҳи «D» Индонезиё бо 3 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Куриёи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ якимтиёзӣ гирифтаанд. Баҳрайн имтиёз ба даст наовардааст.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2007 бо ширкати 16 тими миллӣ дар чаҳор гурӯҳ дар Тайланд, Вйетнам, Малайзиё ва Индонезиё ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG