Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумони Қазоқистон: натоиҷи машкук


Аммо бо ин натиҷаҳо раҳбарони нерӯҳои мухолифин - ҳизбҳои аслии ширкатдори интихобот - розӣ нестанд ва ҷониби ҳукуматро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот ва поймолкунии муқаррароти аслии интихобот муттаҳам мекунанд. Ҳизби аслии мухолифин - Ҳизби сотсиал-демократи Қазоқистон, ки тибқи пешгӯиҳо метавонист бо бурдани раъйи зиёди мардум баъди «Нуротан» мавқеъи дувумро дар интихобот касб мекард, вале он, тибқи натиҷаҳои расмӣ, ҳатто марзи 7-дарсадии интихоботиро барои роҳ ёфтан ба порлумон убур накард, аз мунаққидони аслии интихобот мебошад. Ин ҳизб иддао дорад, ки тибқи ҳисоботи бархе аз протоколҳои интихоботӣ, 24 дарсади мардум барои онҳо раъй додаанд.

Айдос Саримов, як узви ҷавони ин ҳизб, мегӯяд, нозирони онҳо маврдиҳои зиёди тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ҳодисаҳои ошкоро вайрон шудани қонуни интихоботро мушоҳида кардаанд ва дар асл чунин амалкарди мақомот дар ниҳоят бар зарари онҳо хоҳад буд: «Мо мебинем, ки ба хотири манофеъи шахсии худ, ба хотири нодида гирифтани ҳама гуна интиқодҳову фирор аз моҷароҳои марбут ба ришваву фасод, мақомоти кишвар на танҳо ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад, балки зидди ақли солим низ кор мекунад. Новобаста аз иқдоми мухолифин, ба андешаи ман, натиҷаи аслии интихоботи мазкур ин дилозурдагиву бетафовутии саросарӣ, беэътимодӣ нисбати ҳамаи ин гуна раъйдиҳиҳову интихоботҳо хоҳад шуд. Ҳукумат мехоҳад бо ин роҳ ҳама энерживу иродаи мардумро нобуд кунад».

Диля, кормарди ҷавони яке аз бонкҳои хориҷии Алмаато, мегӯяд, ки натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ барояш ғайримунтазира ва такондиҳанда будааст. Вай гуфт: «Натиҷаҳои пешакӣ? Рости гап, шок гирифтам. Чунки, ба фикри ман, натиҷаҳои муқаддамотӣ вазъи воқеъии интихоботи рӯзи шанберо инъикос намекунад. Онҳо гуфтанд, ки беш аз 88 дарсад ба ҷонибдории «Нуротан» овоз додаанд. Ман шахсан ба ин боварам, ки онҳо ба тақаллубкорӣ роҳ доданд».

Тибқи пурсишҳои мустақили пешазинтихоботӣ, шонси аслии шомил шудан ба порлумонро дар интихобот ҳизби ҳокими «Нуротан» ва баъди он ҳизби мухолифини сотсиал-демократ доштааст. Ҷавонҳои мусоҳиби мо мегӯянд, ки дар замони раҳбарии Нурсултон Назрабоев дар Қазоқистон мизони ришвату фасод хеле боло рафта, обурӯи ҳизби ҳоким ҳам дар миёни мардум хеле коста шудааст. Диля мегӯяд, ҳанӯз се-чор соли пеш ба адолати иҷтимоъии низоми давлатдории кишвараш эътимод дошт, аммо ҳоло барои ӯ вазъ хеле тағйир кардааст: «Ин низоми давлатдорӣ маро амиқан ноумед кард. Ҳанӯз се-чор соли пеш ман як каме умед доштам, ки ин ҳукумат чизеро тағйир дода метавонад, аммо ҳоло аз он умедҳои ман чизе намондааст. Агар ҳамаи ҳуқуқи мо, ки дар қонуни асосӣ навишта шудааст, пурра риоя мешуд, ин аллакай як пешравӣ буд. Ин ҳуқуқ дар айни ҳол аслан риоя намешавад. Ман оянда мехоҳам худро дар кишваре бубинам, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъмин шуда бошад».

Диля мегӯяд, ки моҷароҳои марбут ба фасоди молии домоди собиқи раиси ҷумҳурӣ Роҳат Алиев ва ширкати «Казах-гейт» эътимоди ӯро ба раиси ҷумҳурӣ хеле кам кардааст.

Ба андешаҳои мусоҳибони мо, мероси даврони шӯравии ҳукумати худкомаи раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба тарбияи насли ҷавони ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва раванди пешрафтҳои демократии ҷомеъаро ба ҳам мезанд. Бо ин ҳама, Айдос Саримов аз ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ки аз мубориза барои ҳаққи худ даст нахоҳад кашид ва ҳизби ӯ ният дорад масъулинро, ки ба тақаллуби натиҷаҳои интихоботӣ роҳ додаанд, ба додгоҳ кашад.
XS
SM
MD
LG