Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш нерӯҳоро аз Ироқ берун намекунад


Шаби чоршанбе дар шимоли Ироқ бар асари суқути чархболи низомии ИМА 14 афсару сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин 18 август дар як тасодуф ҳаёти як сарбози амрикоӣ талаф шудааст.

Ҳамин тариқ, аз замони оғози амалиёти низомии эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии ИМА бар зидди режими Саддом Ҳусайн дар моҳи марти соли 2003-вум, тибқи омори хабаргузории «Франс-пресс», 3720 нафар ва, бино бар ҳисоби чанд хабаргузории дигари ғарбӣ, 3721 низомии ИМА дар Ироқ фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, талафотии ҷонии Британия дар Ироқ 168 нафар ва кишварҳои дигари эътилофи байнулмилалӣ 129 сарбозу афсарро ташкил медиҳад.

Бар пояи омори расонаҳои ғарбӣ, талафоти ҷонии низомиёни ироқӣ аз 4900 то 6375 нафарро ташкил медиҳад. Вале афсарони нерӯҳои амниятии Ироқ гуфтаанд, ки дар давоми чор соли ҷанг ҳадди ақалл 12 ҳазор афсару сарбози ироқӣ кушта шудаанд. Ба мисли он омори талафоти ҷонии ироқиҳои осоишта дақиқ нест ва, тибқи гузоришҳои мухталиф, он аз 70 ҳазор то 655 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Амрико шумораи афзояндаи талафот ва идомаи нооромиҳои Ироқ баҳсҳо дар мавриди беруншавии нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишварро гарм кардааст.

Вале ахиран президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳушдор дод, ки беруншавии шитобзада аз Ироқ боиси хунрезии шабеҳи Ветнам хоҳад шуд. Президенти ИМА хотирнишон кард, ки баъди хурӯҷи амрикоиҳо аз Ветнам дар ин кишвар миллионҳо бегуноҳон кушта шуданд ва миллионҳо нафари дигар савори киштӣ дар ба дар шуданд.

Ҷорҷ Буш ҳамчунин гуфт: «Баръакси Ветнам, агар мо қабл аз анҷоми вазифаамон аз Ироқ берун шавем, душман аз паси мо ба хонаамон меояд. Аз ин рӯ баҳри таъмини амнияти ИМА мо бояд душманро дар он сӯи уқёнус мағлуб намоем, то ӯ дар хоки ИМА муқобили мо қарор нагирад».

Сенатори демократ Эдвард Кеннедӣ ин паёми Ҷорҷ Бушро танқид карда гуфт, ки ҷаноби президент аз таърих сабақи нодуруст гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ дар суҳбат бо телевизиони «Ал-Ҳурра» гуфтааст, ки, агар ҳозир нерӯҳои эътилоф аз Ироқ берун шаванд, ин кишвар фурӯ хоҳад рехт.
XS
SM
MD
LG