Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи ваҳим ва норӯшани Узбакистон


Муовини раиси ин созмон дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гуфт, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурии Ислом Каримови 69-сола амалан ҳанӯз моҳи январи имсол ба поён расид, аммо ҳеҷ аломати аз қудрат канор рафтани ӯ ба чашм намехӯрад. Ҷон Гринволд гуфт, ки то ҳанӯз нишонае аз шахси ҷойгузини ӯ ва ё ҷараёнҳое, ки ба сари қудрат омадани нафари нав ишора мекарда бошад, дида намешавад. Гринволд гуфт, дар ҳоли ҳозир, оромии зоҳирӣ ба вазъи сиҳатии Ислом Каримов рабт дорад. Пас аз он, муборизаи эҳтимолӣ барои қудрат дар Ӯзбакистон ҳатман хушунатомез хоҳад буд.

Вай мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ҳанӯз ҳам хеле ноумедкунанда боқӣ мемонад, таъқиби фаъолони ин гуна созмонҳо, жарналистону сиёсатмадорони мухолифин идома дорад. Дар рӯйдодҳои моҳи майи Андиҷон ду соли пеш, назар ба маълумоти шоҳидони айнӣ ва хабарнигорону фаъолони ҳуқуқи башар, садҳо эътирозгар аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Ҷаноби Гринволд вазъи иқтисодии Узбакистонро хеле бад меномад ва мегӯяд, иқтисоди таҳти назорати шадиди ҳукумат сармоягузоронро аз ин кишвар ронда мизони нодориву фақр боз ҳам амиқтар доман паҳн кардааст.

Гринволд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд таҳримҳои ҷорикардаашро тамдид карда манъи додани раводид ба баъзе мақомоти ин кишвар ва эмбаргои фурӯшу хариди аслиҳаро шадидтар кунад. Вай гуфт, ҷомеаи байналмилалӣ бояд дороиҳои элитаи сиёсии Ӯзбакистонро дар хориҷи кишвар мавриди ҳадаф қарор диҳад. Дар ҳамин ҳол, оқои Гринволд эътироф кард, ки ҳамаи ин муҷозот билохира наметавонанд боиси роҳандозӣ шудани таҳқиқоти байналмилалии рӯйдодҳои Андиҷон ва ё навсозии сиёсати ҳукумати Ӯзбакистон шаванд. Ӯ бар ин назар аст, ки:

"Як бахше аз ҳукумати Ӯзбакистон манфиатдор аст, ки равобити ҳасанаро бо бахши аслии ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор кунад. Ва талошҳои ҳеҷ яке аз онҳо - на Иттиҳодияи Аврупо ва на ИМА барои таъсиргузорӣ ба сиёсати давлати ин кишвар ба таври чашмгир муваффақ набудааст".

Маркази байналмилалии бӯҳроншиносӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кардааст, ки ба муҳоҷирони ӯзбакистонӣ ва муҳоҷирони кории ин кишвар кӯмак кунанд, то ки онҳо ба осонӣ тӯъмаи гурӯҳҳои тундгарои исломӣ нашаванд. Фароҳам овардани шароити таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар яке дигар аз роҳҳои кӯмак ба марудми ин кишвар дар муқобила бо мушкилоти дохилии Ӯзбакистон тавсия дода мешавад.
XS
SM
MD
LG