Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ба ҷашни истиқлол намеравем?


Марат Мамадшоев сардабири нашрияи "Азия плюс" зимни суҳбат роҷеъ шарҳи ин назархоҳӣ мегӯяд:

"-Албатта чунин назархоҳиҳои интернетиро набояд ҷиддӣ гирифт, зеро онҳо нишондиҳандаи афкори умум ва чандон эътимодбахш буда наметавонанд. Вале ба ҳар сурат ман метавонам тахмин занам, ки бисёре аз сокинони пойтахти Тоҷикистон ба хиёбонҳо намебароянд ва дар хона мемонанд.


Чаро ки як мушкил вуҷуд дорад. Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки Душанбе маконҳои тафреҳии хуб надорад, то ба онҷо рафта шавад. Асосан ба Душанбе аз ноҳияҳои атрофи он аз Ҳисору Ваҳдату Рудакӣ меоянд ва ба боғи марказӣ ва ё майдони асптозӣ мераванд. Вале як сабаби дигар ин аст, ки рӯзи 9 сентябр то кунун ба як ҷашни воқеан миллӣ табдил наёфтааст. "


-Чаро?

"-Мушкил аст гуфтан, вале дар кишварҳое истиқлолро бошукӯҳ таҷлил мекунанд, ки истиқлол бар асари ҳаракатҳои қавии маҳаллӣ ба даст омада аст. Масалан дар Амрико барои истиқлолият солҳои тулонӣ муборизаҳои пуршиддат бурдаанд. Дар Фаронса фатҳи Бастилия буд ва ин рӯйдодҳо худ барҷаста ва аҷиб буданд. Аммо дар Тоҷикистон сокинон аз нуҳӯми сентябр ин гуна эҳсосро надоранд ва онҳо ҳатто нақшу мафҳуми истиқлолиятро дарк накардаанд. "


-Баъзеҳо ин бепарвоиро ба ҳосилҳои 16 соли истиқлол иртибот медиҳанд. Шумо ба ин гуфта розӣ ҳастед, ки дастовардҳои кам сабаби дилсардии мардум ба рӯзи истиқлолу умуман истиқлолият шудааст?


"-Дар миёни мардум, бахусус дар миёни миёнасолону калонсоло то кунун замони шӯравӣ маҳбубият дорад ва онҳо доир ба истилолият ҳатто назар манфӣ доранд ва ба он писханд мезананд ва мутаасифона ингуна эҳсосот доман густурдааст. Ҳоло дар ин ҷо масалан ҳазл мекунанд, ки мо аз нерӯи барқ ва газ истиқлол пайдо кардем, яъне надорем. Ҳамингуна шӯхиҳо бисёранд ва ин мутаасифона бисёр бад аст."


- Ба андешаи шумо ҳамин бепарвоӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон ба сиёсатгузориҳои давлат ва умуман ояндаи чӣ гуна асарот дошта метавонад?


"-Бешубҳа таъсир мерасонад, зеро истиқлолият чизест бисйор муҳим, вале аксарияти мардум бояд инро фаҳманд ва дарк кунанд. Аммо гузашта аз ин мардуми Тоҷикистон ин эҳсосро надоранд, ки ин давлатро худашон идора мекунанд, ё ки онҳо дар тасмимгириҳои давлат таъсир расонда метавонанд. Мардум ин эҳсосро надоранд ва бе ширкати воқеъӣ дар корҳои давлатӣ мардум рӯзи истиқлоли ин кишварро таҷлил намекунанд ва онҳо ин кишварро аз они худ намешуморанд.


Ва дигар сабабҳо ҳаст. Масалан мардум дар инҷо кор намеёбанд ва ба Русия мераванд. Мардум дар инҷо адолатро намеёбанд ва дар корҳои рӯзмарраи хеш ба беадолатӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ва ин ҳама сабаб мешавад, ки онҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари аслии худ намепазиранд ва дар пайи он нестанд, ки бояд ин ватани худро беҳтар кунанд ва ба хотири он талош кунанд, ки зиндагӣ дар инҷо беҳтар бошад. Аз ин сабаб бепарвоӣ ба истиқлолият ба сиёсат таъсири зиёд мерасонад. Ваҳдати миллат бояд дар ҳамингуна ҷашнҳо зоҳир шавад, вақте ҳамаи мардум берун меоянд ва ҳама мисли як нафар мешаванд ва хурсандӣ мекунанд, аммо дар Тоҷикистон ин чиз ғайримумкин аст.


Масалан мо дар Аврупо мебинем, ки чӣ гуна ҷашнҳоро таҷлил мекунанд. Маълум нест, мири шаҳр аст ва ё оҳангар ҳама сари як миз мешинанд, ё ҷойи дигар ва таҷлил мекунанд. Дар онҷо ҷашнҳо хосияти мардумӣ мегиранд. Аммо дар мо дар ҷашнҳо дар минбар раҳбарони давлат мешинанд, дар поён бошад раҳпаймоӣ аст ва як тӯда медаванд. Ҳатто дар ҷашнҳои мо ҳам табақабандиҳои иҷтимоӣ ба таври барҷаста аён мешавад."
XS
SM
MD
LG