Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Том Лантос: «Густариши ҳузури низомии Амрико дар Ироқ натиҷае надодааст»


Вале, дар ҳамин ҳол, ӯ гуфт, то замоне, ки нерӯҳои Ироқ тамрин бубинанд ва мустақилона масъулияти амнияти миллиро бар уҳда бигиранд, шумораи қобили мулоҳизаи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ зарур аст.

Генерал Петреус дар иҷлоси маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико пешниҳод карда буд, ки моҳи декабри соли ҷорӣ як қисмати иборат аз 3 500 то 4 000 сарбози артиш аз Ироқ фаро хонда шаванд. Тибқи пешниҳоди генерал Петреус аз моҳи декабр то моҳи июли соли 2008 чаҳор бригадаи дигари артиш ва ду баталион ё гурдони нерӯҳои дарёии Амрико Ироқро бояд тарк кунанд. Ба ин тартиб, шумораи нерӯҳои Амрико дар Ироқ тақрибан 30 000 нафар коҳиш ёфта, ба 130 000 хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол Муваффақ ар-Рубоӣ, мушовири амнияти миллии ҳукумати Ироқ, гуфт, гузориши Петреус гувоҳи шаффофият дар беҳбуди вазъи Ироқ аст: «Ҳукумати Ироқ комилан воқеъбинона ва ба таври равшан арзёбии муттаҳидини худро дарк мекунад. Мо мардуми Ироқ ва муттаҳидони худро бори дигар мутаъин месозем, ки ҳукумати Ироқ ба таври ҷиддӣ азми росихи худро ба мардум ва маҳофили байнулмилалӣ барои бунёди Ироқи демокративу шукуфо нишон медиҳад».

Баъд аз нашри гузориши фармондеҳ генерал Петреус ва Райан Кроке, сафири Амрико дар Ироқ, ҳукумати Ироқ гуфт, онҳо бар ин назаранд, ки дар ояндаи наздик нерӯҳои Амрико ба амалиёти ҷангӣ дар Ироқ камтар ҷалб шаванд. Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ дар иҷлоси порламон гуфт, ваҳдати миллӣ танҳо роҳест ба пеш: «Мо тавонистем Ироқро аз сарозер шудан ба вартаи ҷанги мазҳабӣ боздорем, ҷанге, ки ба Ироқи азизи мо таҳдид мекард. Мо комилан мутмаъинем, ки мусолиҳаи миллӣ барои мо ягона роҳе ба пеш ба суи суботу оромӣ дар Ироқ аст».

Дар дохили худи Амрико низ гузориши фармондеҳ Петреус ва Райан Кроке, сафири Амрико дар Ироқ, вокуниш ба амал овард. Барак Обама, яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳурии Амрико дар интихоботи ноябри соли 2008 ва сенатори демократ дар аёлати Илинойс, гуфтааст, ки тағйир додани хатти машй бо як сиёсати нодуруст ба маънии хатти машйи нодуруст барои нерӯҳо ва амнияти миллии Амрикост. Ба гуфтаи вай, оғози хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ бояд аз ҳоло шурӯъ шавад на баъд аз 6 моҳ.

Гузориши фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ ва сафири Амрико дар Ироқ дар кумитаҳои умури хориҷӣ ва хадамоти артиши маҷлиси намояндагон аз тадбирҳои камназир аст, ки дар ҳафтаи ҷорӣ яке аз мавзӯъҳои аслӣ боқӣ хоҳад монд. Ба ин баҳона коршиносон бори дигар сиёсати раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Бушро дар 4 соли ҷанги Ироқ - ҷанге, ки дар он 3 ҳазору 700 нафар низомиёни Амрико кушта шуданд, - баррасӣ мекунанд.

Том Лантос, раиси кумитаи умури хориҷаи маҷлиси намояндагони ИМА, низ аз гузориши Петреус дар бораи ин, ки дар Ироқ низомиёни Амрико вазоифи худро иҷро кардаанд, интиқод кард. Вай гуфт, густариши ҳузури низомии Амрико баъзе дастовардҳои алоҳидаи токтикӣ дорад, вале аз лиҳози стротегӣ густариши ҳузури низомии Амрико дар Ироқ натиҷае надодааст.
XS
SM
MD
LG