Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WB: Тоҷикистонро вуруди сармоя лозим аст, на қарз


Дар ин гузориш сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, коҳиши мизони қарзи хориҷӣ, стротежии коҳиши мизони фақр, ҷалби сармояи хориҷӣ ва сиёсати моливу пулии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон гуфтааст, мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон аз меъёри лозима бештар гардида, ин боиси нигаронии сармоягузорони аслии иқтисоди ин кишвар шудааст.

Шуҳрат Мирзоев, иқтисоддони намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷии Тоҷикистон 34 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди калавишҳои иқтисодӣ дар ин кишвар асъори миллӣ ҳамоно дар як мизон қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ чанд нуктаи аслии заъфи иқтисодии Тоҷикистон низ таъкид шудааст. Шӯҳрат Мирзоев дар ин иртибот мегӯяд: «Пеш аз ҳама дар соҳаи сармоягузории дохилии Тоҷикистон нокифоӣ дида мешавад ва мақомоти ин кишварро зарур аст, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилӣ ва хусусӣ қонунҳои ҷории марбут ба ин соҳаро одӣ кунад. Масъалаи дуввум ва ҳалталаб танзими дурусти соҳаи андозситонии ин кишвар, ба вижа шаффофият дар ҷамъоварии андоз мебошад. Ва масъалаи муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Тоҷикистон мизони вуруди қарзи хориҷии худро бояд марҳила ба марҳила камтар кунад, зеро қарзи ҳангуфт метавонад иҷрои тарҳҳо, хусусан дар соҳаи энержӣ, роҳсозӣ ва саноати сабукро, печидатар кунад. Ҳамчунин Тоҷикистон бояд дар ивази ин ба ҷалби сармояи мустақим талош варзад, на мисли имрӯз қарзи калон дарёфт намояд».

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин омадааст, ки давлат бояд дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ барномаҳои мушаххасе таҳия кунад, чун мизони ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя хеле кам аст, ки тақрибан 20 доллари амрикоӣ барои як шаҳрванд рост меояд.

Ҳамзамон дар ин санади таҳлилӣ таъкид шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳаҷми сармояҳои аслии хориҷиро то соли 2010 дастикам ба 50 доллар бар сари як шаҳрванд бирасонад.
XS
SM
MD
LG