Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои воми гарони Иёлоти Муттаҳида


Аз нигоҳи нашрияи The Christian Science Monitor, бештари қарзи бузургҳаҷми Амрико бар асари хароҷоти низомӣ баъди ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 ум ҳосил шудааст - хароҷоте, ки маъмурияти ба тозагӣ сари кор омадаи Ҷорҷ Буш пешбинӣ накарда буд.

Дар чаҳор соли ахири раҳбарии раисиҷумҳури пешин Билл Клинтон қарзи Амрико коҳиш ёфта буд. Ва аз нигоҳи бархе аз коршиносони масоили буҷа, Ҷорҷ Буш имкони таърихии беҳбуд бахшидан ба вазъи молии кишварро аз даст дод. Стен Коллендер, яке аз коршиносони собиқадори буҷа ва раиси ширкати Qorvis Communication мегӯяд, ки қарзи федеролӣ - ин мероси Буш ба буҷаи кишвар аст.

Ба навиштаи The Christian Science Monitor, камбуди буҷаи Иёлоти Муттаҳида дар соли молии 2006 ум ба сатҳи рекордӣ - ба 248 миллиард доллар расида буд. Имсол камбуди буҷа то 158 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Ва аммо, меафзояд нашрия, раисиҷумҳур ягона соҳиби, ба истилоҳ дафтари чеки Амрико нест – дар раванди тахсиси маблағ Конгресси Иёлоти Муттаҳида низ даст дорад. Ва аммо то соли 2006 ум ҳам Кохи Сафед таҳти идораи ҷумҳурихоҳон буд ва сарфи маблағ ҳарчӣ бештар мешуд.

Ба гуфтаи Брайн Ридл, коршиноси буҷаи Бунёди Мерос (Heritage Foundation), аз оғози мӯҳлати раҳбарии Ҷорҷ Буш то охири ҳамин соли буҷавӣ хароҷоти Амрико ҳамасола 7 дар сад афзоиш меёфт. Ва ин хароҷот дар қиёс ба хароҷоти замони раҳбарии Билл Клинтон ду карат бештар аст. Ва як сабаби афзоиши хароҷот, ба гуфтаи коршинос, густариши кумаки ройгони тиббист. Ҳамчунин дар баробари боло рафтани хароҷот барои амнияти миллӣ, ба гуфтаи Брайн Ридл, бояд хароҷоти бархе аз барномаҳои камарзиштар коҳиш меёфт. Ба болоравии қарз ҳамчунин коҳиши молиёт таъсир гузоштааст.

The Christian Science Monitor менависад, замоне, ки Буш мақоми раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро соҳиб шуд, қарзи федероли 3 триллиону 300 миллиард долларро ташкил медод. Ва бо тарки маснад аз сӯи ӯ, тибқи пешгӯии Дафтари Буҷаи Кохи Сафед, маблағи қарзи федеролӣ то 5 триллиону 500 миллиард доллар хоҳад расид. Солҳои 80 ум раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Роналд Рейган ҳам барои он интиқод мешуд, ки бо тахсиси маблағи зиёд барои хароҷоти низомӣ қарзи федеролиро боло бурд. Ва аммо, ба гуфтаи Брайн Ридл, он хароҷот имкон дода буд, ки Ҷанги сард поён ёбад ва ба ин васила аз сарфи маболиғи бузург дар солҳои баъдӣ ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG