Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси иттиҳодияи гумрукии Авросиё


Дар нишасти Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё тасмим гирифта шуд, Иттиҳоди гумрукие, ки Русия, Беларус ва Қазоқистон таъсис доа буданд, густариш ёбад ва аъзои ҷомеаи Авросиёро низ фаро бигирад.

Сарони кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамкории Авросиё дар нишасти ахири худ дар пойтахти Тоҷикистон дар сари заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои узви Авросиё ба тавофуқ даст ёфтанд.

Тибқи ин аснод Русия, Беларус ва Қазоқистон Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои узви Авруосиёро таъсис хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин се кишвар заминаҳои ҳуқуқии ҳамоҳангшудае дар ҷиҳати таъсиси чунин иттиҳодияеро доранд ва ба ин далел ба унвони кишварҳои муассис шинохта хоҳанд шуд. Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, яке аз дастовардҳои умдаи ин нишаст таъсиси иттиҳодияи гумрукӣ аст ва умед аст дар ояндаи наздик ба ин иттиҳодия мо низ бипайвандем.

Аммо дар асноди расмии ин созмон гуфта мешавад, ки кишварҳои дигари узв танҳо баъди се соли таъсиси ин иттиҳодия метавонанд ба узвияти он пазируфта шаванд.

Масъалаи дигари муҳими ин нишаст баррасии тарҳи истифодаи муассир аз захираҳои гидроэнержӣ дар Осиёи марказӣ буд, ки сарони кишварҳо дар ин маврид ба тавофуқе даст наёфтанд.

Сарони кишварҳои узви Авросиё ба дунболи шикасти ин тарҳи пешниҳодӣ ба тавофуқ расиданд, ки тарҳи танзими истифодаи захоири обу энержӣ бояд аз сӯи коршиносони бетараф таҳия шавад. Владимир Путин, Раиси ҷумҳури Русия, дар ин маврид гуфт: «Ҳамаи мо ба ин мувофиқат расидем, ки таҳияи консепсияи истифода аз захоири энержӣ бар асоси меъёр ва санадҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ ва бо ҷалби коршиносони мустақил сурат бигирад».

Ин охирин Нишасти сарони кишварҳои узви Авруосиё дар соли равон буд ва қарор шуд, ки нишасти баъдии он дар соли оянда дар шаҳри Маскав доир шавад. То он замон раёсати даврии Авросиёро Тоҷикистон бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG