Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастёбии Эрон ба тавлиди ҳабҳои сӯхти ҳастаӣ


Ғуломризои Оқозода
Ғуломризои Оқозода

Муовини раиси ҷумҳури Ҷумҳури исломии Эрон Ғуломризои Оқозода мегӯяд, ки кишвараш барои нахустин бор ба тавлиди ҳабҳои сӯхти ҳастаӣ даст ёфтааст.

Хабаргузории расмии Эрон “ИРНА” аз қавли Ғуломризои Оқозода навиштааст, ҳабҳои сӯхти ҳастаии аз оксиди ураниум тавлидшуда дар реактори ҳастаии Арок истифода хоҳад шуд, ки сохтмони ин реактор ҳанӯз идома дорад.
Эрон ҳамроҳ бо реакторҳои оби сабук сохтмони реактори ҳастаии оби вазнини Арокро идома медиҳад, ки дар сурати хостан метавон, онро барои тавлиди ураниуми лозим барои бомби атомӣ истифода кард. Муовини раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки алорағми талаби Созмони милали муттаҳид (СММ) барои мутаваққиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум кишвараш ин фаъолиятҳояшро суст нахоҳад кард.
Аммо дар ҳамин ҳол имрӯз, 25-уми ноябр, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломиии Эрон эълом кард, ки ин кишвар ҷиҳати поён додан ба буҳрони ҳастаӣ дар остонаи такмили пешниҳоди наве аст. Раҳбарони ин вазорат мегӯянд, ки ин пешниҳод то рӯзи 30-уми ноябр – то мулоқоти намояндагони Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо – омода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG