Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Русияро аз ДОВСЕ баровард


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия иштироки кишвари худ дар Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро (ДОВСЕ) боздошт.

Дар таърихи 30 ноябр ӯ зери фармон дар ин бора имзо гузошт.

Боздошти иштирок дар ин Паймон он маъноро хоҳад дошт, ки аз ин ба баъд Русия ба ҳеҷ кишвари дигари узви Паймон, иттилоъе дар мавриди нерӯҳои низомии худ ва ҳамчунин, ба ҳеҷ кумисюне аз ин Паймон имкони боздид аз қисмҳои ҳарбияшро нахоҳад дод. Тӯли муддате, ки Русия иштироки худро дар Паймони мазкур боздоштааст, дар таҳия ва коргирии аслиҳаи оддӣ маҳдудияте нахоҳад дошт.

Қонун дар бораи тавқифи муваққати иштирок дар Паймон авоили моҳи ноябр дар Дума қабул шуда буд. Паймони мазкур дуруст 17 соли қабл дар Порис ба имзо расида буд ва аммо тавқифи иштирок маънои ихроҷи комил аз Паймонро надорад.

Бино бар қонуне, ки имрӯз раисҷумҳури Русия имзо кард, лағви ин қонун низ ба салоҳияти президент вогузошта шудааст.

Русия гуфтааст, яке аз омилҳои ин иқдом он аст, ки кишварҳои НАТО тасвиби Қарордод дар мавриди мутобиқгардонии ДОВСЕро ба таъхир мегузоштаанд. Ин Қарордод соли 1999 дар Истанбул ба имзо расида буд ва дар ҳоли ҳозир танҳо аз ҷониби Белорус, Қазоқистон, Укроин ва Русия ба тасвиб расидаст.

Аммо ин Қарордод ҳанӯз ҳам амал намекунад, зеро кишварҳои узви НАТО онро ба тасвиб нарасондаанд, ва талаби ин кишварҳо он аст, ки Русия аз Приднестровйе ва Гурҷистон нерӯҳои низомии худро барорад. Ин шартро дар Истанбул соли 1999 ҷониби Русия бар дӯши худ гирифта будааст.

XS
SM
MD
LG