Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази Узбакистон муайян шуд


Пас аз як гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ислом Каримов қимати гази Узбакистон 5 доллар арзон шуд.

Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз», дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз соли 2008 Тоҷикистон гази Узбакистонро бо арзиши 145 доллари амрикоӣ барои ҳар ҳазор метри мукааб харидорӣ хоҳад кард.

Ва аммо дар мулоқоти ҳайъатҳои кории ду кишвар дар Тошканд тасмим гирифта шуда буд, ки Тошканд гази худро бо қимати 150 доллар барои ҳазор метри мукааб ба Тоҷикистон хоҳад фурӯхт.

Вале бо мусоидати сарони ду кишвар нархи газ ба панҷ доллар кам карда шуд.

Тоҷикистон дар соли 2008 950 миллион метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард. Дар соли 2007 арзиши гази Узбакистон барои Тоҷикистон 100 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб буд.

XS
SM
MD
LG