Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2007 дар номаҳои Шумо


Тӯли беш аз даҳ рӯзе, ки суоли Майдони Баҳси Радиои Озодӣ дар мавриди ҳодисаҳои муҳимтарини соли 2007 буд, ҳудуди 30 назар ба сомонаи мо навишта шуд ва мунташир гардид.

Назарҳоро метавонед ин ҷо бихонед

Аксарияти кулли хонандагон дар посух ба ин суол ҳаводиси маҳаллии Тоҷикистонро мисол овардаанд ва аксаран ҳам масоили иҷтимоиро бардоштаанд. Хонандагони Озодӣ болоравии нарху наво, қатъи нерӯи барқу газ, маоши кам, мушкилот ва зиёдшавии сафи мардикоронро аз муҳимтарин ҳодисаҳои соли сипаришуда номидаанд. Маъмулан, ҳамон мушкилоте, ки қаблан низ вуҷуд дошт. Ба мисли фасод, тахриби хонаҳо дар маркази пойтахт, ваъдаҳои дурӯғ...

Соли 2007 ҳамчунин дар ёди хонандагони сомонаи Озодӣ бо воқеаҳои мудҳиши сӯхтор дар Донишгоҳи тиббӣ, таркиши назди Кохи Ваҳдат, таркишҳо дар биноҳои истиқоматӣ, садамаи маршрутка бо қатор мондааст.

Ба назар мерасад, кам касе саммитҳои Душанберо аз ҳодисаҳои муҳимми сол медонад. Аз сафарҳои президенти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бошад, танҳо як нафар ёдовар шудааст.

Дар баробари хотираҳои бад – хонандагон аз хотираҳои неки худ дар соли гузашта низ ёдовар шудаанд. Дар ҳоле, ки мардуми зиёде аз мушкилоти иҷтимоӣ менавиштанд, хонандае бо номи Фарзод аз афзоиши имконоти молияш шодӣ кардааст, аммо аз фасод ва зуровариҳои мақомоти интизомӣ нигаронӣ.

Соли 2007-ро хонандаи дигаре бо номи Комил аз Варзоб ба сабаби китоби «Каме Латра», ки муаллифаш сардабири сомонаи Озодӣ - Салими Аюбзод мебошад, фаромӯш нахоҳад кард.

Воқеан, дар баробари аҳсанҳо аз Озодӣ ва тааҷҷубҳо аз он ки манзури суоли Майдони Баҳс ҷаҳон аст ё Тоҷикистон, хонандаи душанбегие бо номи Мая аз «либос»-и нави Радиои Озодӣ ёдовар шудааст. Манзури хонум иваз шудани шакли сомонаи мост.

Дар идомаи мавзуъи журналистҳо, як хонандаи дигар ба додгоҳ кашида шудани се журналисти собиқи «Овоза»-ро аз муҳимтарин ҳодисаҳои сол номидааст.

Бо вуҷуди таҳайюрҳо, ки ҳаводиси муҳимтарини Тоҷикистонро аз эшон мепурсем ва ё ҷаҳонро, бархе аз хонандаҳои мо дар баробари Тоҷикистон аз ҳодисаҳои муҳимтарини ҷаҳон низ ёдовар шудаанд. Мутаассифона, яке аз мудҳиштарин ҳодисаи хотирмони ҷаҳонӣ - куштори хонум Бҳутто буд.

Ба ҳар ҳол, хонандаҳое ба сабр дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ даъват мекарданд, хонандаҳои дигаре ба фирор ва бархе ба рӯи датс гиритфани талошҳои сиёсие дар мавриди дигар кардани вазъи зиндагӣ.

Сомонаи Озодӣ Соли Навро барои Шумо муборак мегӯяд, барои иштирокатон дар Майдонҳои Баҳс ташаккур мегӯяд, бароятон таманно дорад, ки хубиҳои соли оянда мушкилоти соли сипаришударо аз ёдатон бибарад. Бо мо бимонед!

XS
SM
MD
LG