Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати Байтулмуқаддас тақсим мешавад?


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки дар чорчӯби созиши умумӣ исроилиҳову фаластиниҳо ба тақсими назорати шаҳри Байтулмуқаддас маҷбур шаванд. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи Jerusalem Post Олмерт гуфт, ҳатто дӯстони Исроил пешбинӣ мекунанд, ки созиш бар пояи марзҳои соли 1967 баста хоҳад шуд. Тибқи он назорати Байтулмуқаддас дар байни исроилиҳову фаластиниҳо тақсим хоҳад шуд. Дар айни замон Олмерт тахмин кард, ки созиши доимӣ, ба хусус дар мавриди соҳили ғарбии рӯди Урдун, бар пояи марзҳои соли 1967 баста намешавад.
XS
SM
MD
LG