Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоменейӣ: Аз тавҳини рақибон даст кашед!


Пешвои рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоменейӣ ба сиёсатмадорони ин кишвар ҳушдор додааст, ки дар ҷараёни интихоботи парламентии 14-уми март аз ҳамлаву тавҳини рақибонашон даст кашанд.
Дар як ҷамъомад дар шаҳри марказии Язд Хоменейӣ гуфт, ки набояд ба таҳқири номзадҳо дар варақаҳои тарғиботӣ, нашрияҳо ва интернет роҳ дод. Шарҳи раҳбари рӯҳонии Эрон дар ҳоле интишор шудааст, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ ташаннуҷи сиёсӣ авҷ гирифта, сиёсатмадорон анъанаи танқиди нарми рақибонро канор мегузоранд.
XS
SM
MD
LG