Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Шариф дар интихоботи Покистон сабқат мекунад


Ҳизби раҳбари мухолифини покистонӣ Навоз Шариф иброз доштааст, ки сарфи назар аз тағйири мӯҳлати овоздиҳӣ ин гурӯҳи сиёсӣ дар интихоботи парламентии Покистон иштирок хоҳад кард. Вале раиси ин ҳизб Раҷа Зафарулҳақ таъхири интихоботро амали "ноодилона ва бемаънӣ" унвон дод. Интихоботи парламентии Покистон мебоист дар таърихи 8-уми январ доир шавад, вале дар паи куштори раҳбари дигари мухолифин хонум Беназир Бҳутто дар ҳафтаи гузашта, комиссияи интихобот эълон кард, ки интихоботи парламентии Покистон 18-уми феврал барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG