Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт аз марзи сад доллар убур кард


Қимати нафт дар бозори ҷаҳон барои нахустин бор аз марзи 100 доллар барои як бушка убур кард. Ба гуфтаи мутахассисон, ба болоравии қимати нафт афзоиши хушунат дар Нигерия ва Алҷазоир, ки ба сафи ОПЕК – кишварҳои содиркунандаи нафт шомиланд ва ҳамчунин коҳиши қурби доллар мусоидат кардааст. Тайи соли гузашта қимати нафт дар бозори ҷаҳону яку ним баробар боло рафт.

XS
SM
MD
LG