Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳизби Мардуми Покистон аз СММ


Як сухангӯи Ҳизби Мардуми Покистон имрӯз гуфт, танҳо таввасути пажӯҳиши Созмони Милали Муттаҳид метавон, ҳақиқати қатли Беназир Бҳутто раҳбари собиқи ин ҳизбро ифшо кард. Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф рӯзи чаҳоршанбе 2 январ гуфт, барои тафтиши қазияи қатли Беназир Бҳутто кормандони пулиси Бритониё кӯмак хоҳанд кард.
Ҳукумат ва пайравони хонум Бҳутто дар робита ба қатли раҳбари Ҳизби Мардуми Покистон ихтилофи назар доранд. Аҳзоби мухолифи давлати Покистон ҳамчунин қарори ҳукуматро танқид карданд, ки баъди сӯиқасд ба Беназир Бҳутто интихоботи порлумонии рӯзи 8-уми январро то моҳи оянда, яъне ба рӯзи 18 феврал ба таълиқ андохт. Аммо ин аҳзоб гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG