Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин музокироти ИМА ва Либия баъди 35 сол


Иёлоти Муттаҳида ва Либия барои нахустин бор дар 35 соли ахир дар сатҳи баланди дипломатӣ музокирот анҷом доданд. Кондализа Райс, Котиби давлатии Амрико имрӯз дар Вошингтон вазири хориҷаи Либия Абдул Раҳмон Шолкамро ба ҳузур пазируфт. Дипломати воломақом либиягӣ дар ҳоле вориди Вошингтон шуд, ки равобити миёни ду кишвар рӯ ба нармиш дорад. Соли 2003 Либия аз пуштибонии гурӯҳҳои ифротгаро ва аз коркарди барномаи ҳастаӣ даст кашид.

Мулоқоти вазирони хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва Либия дар ҳоле доир шуд, ки Либия ба иҷрои раёсати муваққатии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳида шурӯъ кард.
XS
SM
MD
LG