Ҳизби мухолифи давлати Кениё дархост кардааст, ки барои рафъи буҳрони пешомада дар ин кишвар инихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Натиҷаҳои интихоботи гузаштаи 27-уми декабр норизоятии мухолифонро барангехт ва дар нооромиҳо ҳудуди се сад нафар кушта, сад ҳазор нафари дигар манзилҳои зисти худро тарк кардаанд. Аниёнг Ниого-яке аз мақомоти аршади ҳизби Ҷунбиши Норинҷии демократӣ, ки аз ҷониби Райла Одинга-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии мухолифон намояндагӣ мекунад, ин дархостро ба миён гузоштааст.