Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президенти Гурҷистон шурӯъ шуд


Имрӯз дар Гурҷистон интихоботи пеш аз муҳлати президенти кишвар ҷараён дорад. Раисҷумҳури кунунии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ саъй дорад барои як даври дигар дар сари қудрат боқӣ монад. 6 довталаб ва дар байни онҳо номзади эътилофи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат Леван Гачечиладзе бо Саакашвилӣ рақобат доранд.
Агар дар даври аввали овоздиҳӣ яке аз номзадҳо беш аз 50% раъйҳоро касб накунад, баъди ду ҳафта даври ниҳоӣ бо иштироки ду номзади пешсаф баргузор мегардад.
Даври панҷсолаи ҳукмронии Саакашвилӣ то ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале ӯ фармон дод, ки дар Гурҷистон интихоботи пешакии президентӣ барпо шавад. Ин ҳодиса дар пайи таъқиби издиҳоми мухолифини ҳукумат дар моҳи ноябр ба вуқӯъ пайваст. Он замон Саакашвилӣ вазъи фавқулода эълон намуда, аз ҷумла фаъолияти шабакаи мустақили телевизиониро манъ карда буд.
Вакили Конгресси ИМА Алсӣ Ҳастингс раҳбарии гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад. Интихоботи Гурҷистонро садҳо нозири хориҷӣ муроқибат мекунанд.
XS
SM
MD
LG