Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уламои афғон мухолифи мубашширони насронӣ мебошанд


Шӯрои уламои исломии Афғонистон аз президенти ин кишвар Ҳомиди Карзай тақозо намудааст, фаъолияти гурӯҳҳои хайрияи хориҷиро, ки мардуми афғонро ба дини насронӣ даъват мекунанд, мутаваққиф созад. Дар мулоқот бо президенти Афғонистон, ки рӯзи 4-уми январ доир шуд, уламои исломӣ ҳамчунин ҷорӣ намудани ҳукми эъдомро талаб карданд. Шӯрои уламои исломӣ гурӯҳи бонуфузе мебошад, ки дар он рӯҳониёни гӯшаҳои мухталифи Афғонистон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG