Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ натиҷаи расмии интихоботро мунтазир аст


Мухолифини ҳукумати Гурҷистон гирдиҳамоии эътирозӣ бар зидди ба қавли онҳо "таҳрифи" натиҷаҳои интихоботи президентиро мадди назар гирифтаанд.
Президенти кунунии Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ пешбинӣ мекунад, ки ӯ дар интихоботи рӯзи шанбе пирӯз шудааст. Бо ишора ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ дар назди ҳавзаҳои интихоботӣ (exit poll) Саакашвилӣ гуфт, ки ӯ беш аз 50% овозҳоро касб намудааст ва аз ин рӯ, эҳтиёҷ ба даври дуюми раъйдиҳӣ вуҷуд надорад.
Ба ҳар ҳол президенти Гурҷистон иброз дошт, ки то эълони натиҷаҳои ниҳоӣ аз эъломи пирӯзиаш худдорӣ мекунад. Субҳи якшанбе баъди ҳисоби 10% раъйҳо Комиссияи марказии интихобот изҳор намуд, ки бо 59% раъйҳо Саакашвилӣ дар ҷои аввал аст. 22% раъйдиҳандагон аз рақиби асосии ӯ Леван Гачечиладзе пуштибонӣ кардаанд.
Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз нозирони САҲА(Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо) дар мавриди интихоботи президентии Гурҷистон изҳороте ба табъ мерасонанд.
Баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин дар моҳи ноябр Саакашвилӣ мӯҳлати панҷсолаи раёсатҷумҳуриашро кӯтоҳтар намуда, интихоботи пешакӣ роҳандозӣ кард.
XS
SM
MD
LG