Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф: Бҳутто бо айби худаш ҳалок шуд!


Президенти Покистон Парвез Мушарраф мегӯяд, эҳтимол тири марди силоҳбадаст ба хонум Беназир Бҳутто расида бошад, вале раҳбари мухолифин бо ташаббуси худаш бо хатар мувоҷеҳ шуд ва масъулияти марги ӯ бар дӯши худаш мебошад.
Қаблан ҳукумати Мушарраф таъкид мекард, ки Бҳутто на аз тир, балки аз таъсири бархӯрди сараш бо мошин ҳалок шудааст. 27 декабр баъди анҷоми гирдиҳамоӣ дар Равалпиндӣ бомбгузори маргталаб болои мошини Бҳутто ҳамла карда буд.
Мушарраф ба хабарнигорони амрикоӣ гуфтааст, ки Бҳутто худ масъули маргаш мебошад, зеро дар дохили мошинаш рост истода буд ва сарашро аз даричаи болои мошин берун баровард,
Дар ин байн шавҳари Бҳутто, Осиф Алӣ Зардорӣ, мақомоти баландпояи Покистонро бо даст доштан дар куштори ҳамсараш муттаҳам карда, тақозо намуд, ки кушторро СММ таҳқиқ кунад.
Дастаи муфаттишони Британия дар чорчӯби кумак ба ҳукумати Покистон дар таҳқиқи ин ҳодиса аз макони ҳамла боздид намуданд.
XS
SM
MD
LG