Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Кения созиш бо президентро рад карданд


Рӯзи якшанбе раҳбари мухолифини Кения Раила Одинга пешниҳоди президенти ин кишвар дар мавриди таъсиси ҳукумати ваҳдати миллиро рад кард. Одинга гуфт, президент Мвайӣ Кибакӣ ба чунин пешниҳод ҳақ надорад, зеро ӯ дар интихоботи 27-уми декабр ғалаба ба даст наовардааст. Дар давоми як ҳафтаи ноороми баъди интихобот дар Кения 300 кас ҳалок шуданд. СММ мегӯяд, ки дар иртибот бо нооромиҳои ахир тахминан 250 000 сокини Кения ба тарки макони зисти доимиашон маҷбур шуданд.
XS
SM
MD
LG