Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуноҳи мансабдорони "серфарзанд"-и Чин


Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо нафар аз аъзои Ҳизби Коммунисти ҳоким бар ин кишварро аз сафи ҳизб рондаанд, зеро онҳо бар хилофи сиёсати давлат соҳиби бештар аз як фарзанд шудаанд. Хабаргузории давлатии "Синхуна" - и Чин гузориш додааст, ки соли 2007 дар вилояти Ҳубей бештар аз 93 ҳазор нафар соҳиби бештар як фарзанд будаанд, ки хилофи сиёсати яккафарзандӣ дар Чин аст. Дар миёни ин ба қавле серфарзандони Чин, даҳҳо соҳибмансаб, ҳуқуқдон ва мушовирони сиёсӣ низ будаанд ва Ҳизби Коммунисти Чин 500 нафари онҳоро аз сафаш ронда ва 395 тани дигарро аз мансабашон маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG