Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё қатори боздоштшуда аз Тоҷикистон аст?


Як хабаргузории мустақили Қирғизистон бо номи "24.kg" иттилоъ додааст, ки дар қаламрави ин кишвар қатори ҳомили оҳанпора бозошт шудааст. Ин қатор аз Қирғизистон ба Эрон раҳсипор будааст. Ба навиштаи ин манбаъ, дар яке аз вагонҳои он моддаи хатарноки радиоактивӣ бо номи радионуклид ифшо шудааст. Идораи "Қирғизтемирҷул"-и Қирғизистон ин хабарро таъйид кард ва гуфт, қатор аз Тоҷикистон мебошад, вале маводи он ба ширкати давлатии "Темир"-и Қирғизистон таъаллуқ дорад. Камчибек Ташиев-вазири умури изтирории Қирғизистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

"Баъд аз дарёфти ин хабар мо кумиссюне ташкил додем ва кумиссюн ҳамаи корҳои заруриро анҷом дод, то ташаъшуъи маводи радиоактифӣ дар миёни мардум пахш нашавад".

"Қирғизтемирҷул" ба хабаргузории "24.kg" гуфтааст, ки ин қатор ба марзи Қирғизистону Узбакистон баргардонида шудааст.
XS
SM
MD
LG