Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон интиқоли газро ба Эрон қатъ кард


Туркманистон мегӯяд, интиқоли газро ба Эрон бо сабаби пардохт нашудани нархи он аз тарафи Теҳрон қатъ кардааст. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Туркманистон гуфт, кишвараш аз якуми январ инҷониб ба Эрон газ намедиҳад. Вай дар бобати вомдории Эрон арқомеро номбар накард ва аз эҳтимоли шурӯъи интиқоли газ низ иттилоъ надод. Тибқи хабарҳо, Туркманистон мехоҳад, нархи газро барои Эрон ду баробар зиёд кунад.
XS
SM
MD
LG