Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 фаластинӣ кушта шуд


Ходимони тиббии фаластинӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни рейде дар Каронаи Ғазза артиши Исроил 11 фаластиниро, ки 9 нафари онҳо мусаллаҳ буданд, ба ҳалокат расониданд. Дар миёни кушташудагон писари раҳбари Ҳамос Маҳмуд Аззаҳар будааст. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос амалиёти имрӯзаро "куштори ҷамъӣ" номид, аммо раиси ҷумҳурии Исроил Шимон Перес гуфт, то замоне, ки ҷангиёни Ғазза ба ҷониби Исроил мушакандозӣ мекунанд, ба ҷуз посух додан интихоби дигар намемонад. Дар ҳамин ҳол, хабар дода шуд, ки як снайпери исроилӣ коргари Эквадорро дар киштзори воқеъ дар марзи Ғазза ба ҳалокат расонид.
XS
SM
MD
LG