Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷаласаи парлумонии Кения баъди хушунатҳо


Имрӯз парлумони Кения нахустин ҷаласаи худро баъди интихоботи баҳсбарангези президентии худ баргузор кард, ки дар пайи хушутанҳои сарзада беш аз 600 кушта ба ҷо гузоштааст. Раиси ҷумҳурӣ Мваи Кибако ва раҳбари мухолифин Райла Одинга ба маҷлисгоҳ бидуни саломалейки ҳамдигар ворид шуданд. Ин нахустин ҳузури ду раҳбар дар як утоқ баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст, ки ба андешаи Одинга аз ҷониби ҳукумат хилофкорӣ шудааст. Собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннон бояд дар ҳайати миёнҷиҳои африқоитабор барои мусоидат дар хатми хушунатҳову мухолифатҳои ду ҷониб вориди Найробӣ шавад.
XS
SM
MD
LG