Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум суханронияш дар донишгоҳро лағв кард


Попи Рум Бенедикти 16 баъд аз эътирози устодону донишҷӯён суханронии худ дар яке аз донишгоҳҳои маъруфи Рум – донишгоҳи Ла Сапиензаро лағв кард. Намоиши эътирозӣ баъд аз пахши мӯҳтавои як номаи 67 устоди ин донишгоҳ шурӯъ шуд. Эътирозгарон мегӯянд, Бенедикти 16 соли 1990, замоне, ки ҳанӯз ӯро кардинал Ҷозеф Рацингер мехонданд, қатли Галилей аз сӯи Калисои католикиро пуштибонӣ карда буд. Ҷонибдорони Бенедикти 16 иттиҳоми донишмандонро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG