Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Маскав ба мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкӣ


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия қарори додгоҳи Париж дар мавриди мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии бархе аз муассисаҳои Русияро чун “тасмими шитобзада” арзёбӣ кард. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ изҳори итминон кард, ки вазъи ба вуқуъпайваста бар пояи ҳуқуқи байнулмилалӣ ҳаллу фасл мешавад.

Дирӯз додгоҳи шаҳри Париж бо даъвои ширкати швейсарии Нога ҳисобҳои намояндагиҳои муассисаҳои давлатии Русия дар бонки VTB Бaнк Европаро мунҷамид кард ва айни ҳол истифода аз ҳисобҳои намояндагиҳои вазорати молияи Русия, ширкати “Рособоронэкспорт”, Бонки марказии Русия, вазорати саноат ва энерҷӣ ва хабаргузории РИА Новости ғайримумкин аст. Даҳ сол пеш додгоҳи байнулмилалии Стокҳолм таъйид карда буд, ки ҳукумати Русия аз ширкати швейсарии Нога 63 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG