Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово барои эълони истиқлол омода аст


Косово барои эълони мустақилияти худ аз Сербия омода аст. Ин изҳороти сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ки барои баррасии вазъ дар Косово ҷамъ омадааст. Тачӣ афзуд, ки тасмим дар ин бора рӯзҳои наздик гирифта хоҳад шуд. Қаблан дар ин нишаст раиси ҷумҳури Сербия Борис Тадич изҳор кард, ки Белград ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард. Айни ҳол ӯ изҳор намуд, ки Сербия барои ҳифзи якпорчагии худ аз нерӯи низомӣ кор нахоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG