Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Амрико барои танбеҳ додани Эрон


Муовини вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте имрӯз дар Пекин қарор дорад, то ҳимояти Чин барои эъмоли даври севвуми таҳримот ба зидди Эронро ба даст оварад. Ҳамзамон бо ин Сайид Ҷалилӣ - музокиракунандаи аслии ҳастаии Эрон низ барои дидору гуфтӯгу бо мақомоти Чин ба ин кишвар сафар кардааст. Созмони Милал бинобар сарпечии Эрон аз талаби муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ду маротиба ба зидди ин кишвар таҳримот эъмол кардааст. Аммо Чину Русия, аъзои доимии Шӯрои Амният, мухолифи таҳримоти сахтгирона ба зидди Эрон мебошанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин Хианг Йу имрӯз гуфт, кишвараш хоҳони шиддат бахшидан ба талошҳои дипломатӣ дар мавриди ҳалли бӯҳрони атомии Эрон мебошад. Вай ҳамчунин аз давлати Эрон хост, нармиш нишон диҳад.

XS
SM
MD
LG