Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Перес хостори назарпурсии мардум шуд


Аз нигоҳи Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил, тарҳи созиши сулҳ, ки дар поёни музокирот бо Фаластин имзо мешавад, бояд ба референдум ё назарпурсии мардум гузошта шавад. Дар як конфаронс дар шаҳри Гертслия раисиҷумҳури Исроил ҳам ба ҳукумати Яҳуд Олмерт ва ҳам ба мунаққидони ӯ пешниҳод намуд, ки "мавқеъҳои худро мушаххас кунанд, то ки мардум имкони интихоб дошта бошанд".

Гуфтушуниди миёни раҳбарони Исроил ва Фаластин дар робита ба тарҳи сулҳи Ховари Миёна моҳи ноябри соли гузашта, баъд аз таваққуфи ҳафтсола, дубора шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG