Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербистон даври дуюми интихобот дойир мешавад


Интихоботи президентии Сербистон вориди марҳилаи дуюми худ шуд. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотии расмӣ, дар пайи овоздиҳии рӯзи якшанбе раҳбари нирӯҳои миллатгарои ин кишвар Томислав Николич аз ҳизби радикалии Сербистон бо 39 дар сади раъйҳо пешгом аст. Раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар Борис Тадич, ки аз равобити наздик бо Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад, беш за 35 дар сади раъйҳои мадумро касб кардааст. Азбаски барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ беш аз 50 дар сади раъйи мардум лозим аст, акнун бояд даври дуюми интихобот дойир шавад ва баргузории онро ба таърихи 3 феврал вогузор кардаанд. Дар интихоботи дирӯза беш аз 60 дар сади аҳолии қобили раъйи Сербистон иштирок карданд. Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар шароити танишҳои афзоянда бар сари баҳси истиқлолталабиҳои вилояти албанитарбори Косово баргузор шуд. САҲА гуфт, ки ҳайати нозирони ин созмон ба чунин хулоса омадааст, ки ҷараёни раъйдиҳӣ ғолибан ҷавобгӯи меъёрҳои демократии ин созмон будааст.
XS
SM
MD
LG