Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сарбози бритониёӣ дар Афғонистон


Дар пайи таркише дар ҷануби Афғонистон як сарбози бритониёйӣ ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Вазорати дифои Бритониё гуфт, ки мошини сарбозон рӯзи якшанбе дар канори Мӯсо Қалъа ба як мина бархӯрд кард. Ҳодисаи мазкур шумори сарбозони хориҷии дар Афғонистон кушташударо соли ҷорӣ ба 10 нафар баробар кард. Бритониё дар Афғонистон 7800 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG