Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Руминия вазири адлияро муттаҳам мекунад


Президенти Руминия Троян Басеску вазири адлияи кишвараш Теодор Малесчануро дар он муттаҳам кард, ки садди роҳи таҳқиқи парвандаҳои марбут ба фасоди чанд сиёсатмадор мешавад. Басеску, ки бо мушкили қудратхоҳиҳои ҳукумати либеролии худ рӯбарӯ мебошад, гуфт, Малесчану парвандаҳои нахуствазири собиқ ва шаш вазири пешини дигарро барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод накардааст. Малесчану гуфт, ки бо сабаби нокомил будани далелҳо, парвандаҳои ин афродро дубора ба дафтари раёсатҷумҳурӣ бозпас мегардонад. Басеску, раҳбари пешини ҳизби демократи Руминия, гуфт, ки Малесчану, ҳамчун узви пешини ҳизби либерал, талош дорад манофеи сиёсии худро ҳифз кунад. Чаҳор вазир аз ин гурӯҳи таҳқиқшаванда узви ҳизби либерал мебошанд.

XS
SM
MD
LG