Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ нахуствазири собиқи Косоворо гунаҳгор мекунад


Додситонҳои СММ гуфтанд, ки нахуствазири пешини Косово Рамуш Ҳарадинаҷ, ки солҳои 1998-99 фармондеҳи артиши озодихоҳи Косово будааст, дар ҷиноёти марбут ба таҷовуз ба номус, таъқиб ва куштори сербҳои мулкӣ гунаҳгор дониста мешавад. Ҷониби айбдоркунанда мехоҳад ӯ ва ду ҷангии дигари узви ин гурӯҳи низомиро ба мӯҳлати 25 сол равонаи зиндон кунад. Ҳамаи ин се нафар гуфтаанд, ки гунаҳгор нестанд. Ҳарадинаҷ соли 2005 як муддати кӯтоҳ ба ҳайси нахуствазири Косово фаъолият карда баъдан аз ин вазифа истеъфо дод ва ба трибунали низомии СММ таслим шуд. Вай мақоми баландтарини албанитабор аст, ки дар ҷиноёти ҷангӣ айбдор шудааст.
XS
SM
MD
LG