Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши нави сӯхти атомии Русия ба Бушеҳр расид


Эрон гуфт, ки имрӯз Русия бахши панҷӯми маводи сӯхтро барои корхонаи атомии ин кишвар дар Бушеҳр интиқол додааст. Хабаргузории расмии ИРНО гуфт, ки миқдоми куллии сӯхти атомие, ки аз Русия то имрӯз дастрас шудааст, 55 тоннаро ташкил медиҳад ва аз се ду ҳиссаи сӯхти мавриди ниёзи ин корхонаро ташкил медиҳад. Куллан Русия бояд дар ҳаҷми 82 тонна сӯхтро ба Бушеҳр интиқол диҳад. Тибқи қарордоди ду ҷониб, боқӣ маводи сӯхти ин корхона бояд то моҳи феврал фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG