Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи СММ вазъи амниятии Ироқро ситоиш кард


Фиристодаи аршади СММ дар Ироқ гуфт, ки вазъи амниятӣ дар ин кишвар пешрафт кардааст, аммо барои таъмини амнияти дарозмуддат тадбирҳои сиёсӣ зарур аст. Штаффан Де Мистура, раиси ҳайати имдодии СММ дар Ироқ ба Шӯрои амният гуфт, ки сабабҳои аслии кам шудани хушунатҳо дар ин кишвар ба ҳузури нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ, оташбаси артиши Меҳдӣ ва мизони афзояндаи ҳамкориҳои ҳамсоякишварҳои Ироқ бо ҳукумати Бағдод вобаста мебошад. Аммо вай афзуд, ки барои таъмини ҳамаҷонибаи амният дар кишвар сиёсатмадорони маҳаллӣ бояд ҷараёнҳои мусолеҳаи миллиро суръат бахшанд.
XS
SM
MD
LG