Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайванде миёни фигона ва кофеин


Донишмандони амрикоӣ мегӯянд, ки истеъмоли кофеин хатари бачапартоии занони ҳомиларо дучанд мекунад. Бар асоси пажӯҳиши тозаи табибони амрикоӣ, агар зани ҳомила рӯзона то 200 миллиграм кофеин истеъмол кунад, хатари фигона ду маротиба болотар мерафтааст. Се пиёла қаҳва ва ё шаш пиёла чой дар таркиби худ 200 миллиграм кофеин доранд. Табибони бритониё тавсия додаанд, ки занони ҳомила бояд дар 12 ҳафтаи аввали обистанӣ аз истеъмоли кофеини зиёд парҳез кунанд.

XS
SM
MD
LG