Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касянов изҳороти камиссиюни интихоботро рад кард


Камиссиюни марказии интихоботҳои Русия имрӯз гуфт, ки заминаҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дорад, то ки нахуствазири пешин Михаил Касяновро барои ширкат дар интихобот ба унвони номзади мустақил роҳ надиҳад. Хабаргузории ИТАР-ТАСС ба нақли қавл аз муншии ин камиссиюн Николай Конкин навишт, ки "шумори имзоҳои воқеие, ки ба пуштибонии Касянов дода шудааст, аз ду миллион адад камтар аст ва ин чиз сабаб мешавад, ки номзадии вай ба интихоботи президентӣ роҳ дода нашавад". Худи Касянов, ки бо як сафар дар Бруссел ба сар мебарад, изҳороти Камиссиюни интихоботро рад кард ва гуфт:

"Мо таъкид мекунем, ки ин як таблиғоте беш нест, ки гӯё имзоҳо воқейӣ нестанд. Танҳо 200 имзо аз 600 ҳазор имзоҳои таҳқиқшуда зери суол бурда шуд, танҳо 200-тоаш".

Ҳама номзадҳои мустақил, ки хоҳони ширкат дар интихоботи рӯзи 2 март ҳастанд, бояд дасти кам ду миллион имзои тарафдоронашонро барои дарёфти ҳақи ширкат дар интихобот пешниҳод кунанд. Радди сабти номи Касянов мавқеи Дмитрий Медведев, муовини нахуствазири Русияро тақвият мебахшад, ки аз номзадии вай дар интихобот раиси ҷумҳурӣ Путин пуштибонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG