Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони нави занона дар Кобул боз шуд


Дар Кобул нахустин зиндоне барои занҳои ҷинояткор боз шуд, ки бахши аввал аз 15 чунин сохтмон дар саросари кишвар мебошад. Сохтмони зиндони мазкур, ки бо кӯмаки молии ҳукумати Итолиё бунёд шудааст, барои 330 нафар пешбинӣ шудааст. Феълан занҳое, ки хилофкорӣ кардаанд, дар муассисаҳои махсус ба таври пароканда ба сар мебаранд. Зиндони нави занона, ки дар канори Кобул ҷойгир шудааст, дар баробари ҳама таҷҳизоти мавриди ниёз инчунин утоқҳои дарздӯзиву ошхона дорад. Абдусалом Исмат, раиси зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Афғонистон гуфт, ки феълан дар маҳбасҳои кишвараш 275 зан ҳамроҳ бо 175 тифли худ нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG