Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ҳукумати Итолиё баррасӣ шуд


Баъди истеъфои нахуствазири Итолиё Романо Продӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар Ҷорҷио Наполитано бо раҳбарони сиёсӣ ояндаи сиёсии Итолиёро баррасӣ мекунад. Ҳукумати чапи миёнаи Романо Продӣ рӯзи панҷшанбе аз ҳам пошид, зеро порлумони кишвараш ба ӯ раъйи эътимод надод. Мухолифони давлат бо раҳбарии нахуствазири собиқи Итолиё Силвио хостори интихоботи зудрас шудаанд, вале раиси ҷумҳур Ҷорҷио Наполитано ҳоло дар пайи таъйини ҳукумати муваққатӣ аст.
XS
SM
MD
LG