Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз СММ хост ба фишорҳо хотима диҳад


Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ аз СММ хостааст, ки "иштибоҳҳои гузашта"-ро бартараф карда, мудохиларо ба барномаи ҳастаии кишвараш хотима диҳад. Тавзеҳоти вай ба хабарнигори "Ассошейтед Пресс" дар ҳошияи нишасти ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос ва дар шароите садо дод, ки кишварҳои панҷгонаи узви Шӯрои амният омодаи эъмоли даври сеюми таҳримҳо болои Эрон барои мухолифаташ дар хатми ғанисозии ураниум шудаанд. Тибқи гузоришҳо, ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ба изофаи Олмон бар сари пешнависи қатъномаи нави Эрон мувофиқа намуданд, ки маҳдудиятҳои мусофиратӣ ва фурӯши таҷҳизотро барои саноати Эрон дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG