Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш амрикоиёнро ба шикебоӣ даъват кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида дар охирин паёми солонаи худ ба миллат аз амрикоиён даъват кард дар робита ба ҷанги Ироқ шикебо бошанд. Вай гуфт, нирӯҳои таҳти сарварии Амрико дар Ироқ тарҳи пирӯзиро ба иҷро мерасонанд. Буш коҳиши босуръати хушунат дар Ироқро ба интиқоли 30 ҳазор сарбози нави Амрико ба ин кишвар пайванд дод. Дар робита ба Эрон, Буш гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо онҳое, ки ба неруҳои Амрико таҳдид мекунанд рӯёрӯ хоҳад истод ва аз шарикону манофеъи худ дар минтақаи Халиҷи Форс дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG