Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари навбатии вазири дифоъи Олмон ба Кобул


Вазири дифоъи Олмон, Франз Йозеф Юнг имрӯз дар Кобул бо мақомоти Афғонистон масъалаҳои марбут ба амният ва бозсохти Афғонистонро баррасӣ кард. Баъд аз мулоқот бо ҳамтои афғони худ, генерал Абдулраҳими Вардак, Юнг гуфт, вай шояд аст, ки олмониҳо ба тамдиди ҳузури ҳарбии Олмон дар Афғонистон раъй доданд. Олмон дар Афғонистон зиёда аз 3 ҳазор сарбоз дорад, ки таҳти фармони НАТО амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG