Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Гурҷистон тасдиқ шуд


Порлумони Гурҷистон имрӯз ҳукумати нави президент Михеил Саакашвилиро расман тасдиқ кард.Дар он собиқ вазири давлат дар ҳамоиши қаламравҳои Гурҷистон, Давид Бакрадзе ба мақоми вазири умури хориҷӣ таъин шуда, вазири умури дохилӣ, Вано Меробашвилӣ, ки мухолифон ӯро дар зӯроварӣ нисбати тазоҳуроти моҳи ноябр айбдор мекунанд, дар вазифааш боқӣ монд. Собиқ вазири корҳои беруна, Гело Бежуашвилӣ раиси хадамоти амният таъин гардид. Саакашвилӣ ҳайати нави ҳукуматашро баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи 5-уми январ эълон кард. Мухолифон ин интихоботро ноодилона мешуморанд ва дар намояндагони онҳо дар ҷаласаи порлумон ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG